UniCEN

Internationalization Planning Guide (Tajik) / Дастурамал оиди банақшагирии байналмилаликунонӣ

Имрӯз, ба донишҷӯёни донишгоҳҳо, пас аз хатми таҳсил, барои бомуваффақият алоқамандӣ кардан дар ҷаҳони муосир зарур аст, ки нуқтаи назари байналмилалӣ оид ба мушкилотҳо ва инчунин дарки фарқиятҳои фарҳангӣ ва забонӣ дошта бошанд. Мо масъулият дорем, ки бо назардошти талабот ба қувваи кории ҷаҳонӣ,  ҳам аз ҷониби давлат ва ҳам аз тарафи бахши хусусӣ асос гардонида шудааст. Тайёр кардани мутахассисон дар шароити рақобати шадиди бозори ҷаҳонӣ, густариши назарраси равандҳои байналмилалии таълим, тадриҷан ҷорӣ намудани тадқиқотҳои пурмазмуни хориҷиро ва инчунин афзоиши ҳайати донишҷӯёни хориҷиро аз кишварҳо ва фарҳангҳои гуногун талаб мекунад.

Намояндагони асосӣ ва аъзоёни ҷомеаи илмии ҷаҳонӣ дар маҷмӯъ, ҳадафҳо ва орзуҳои ҳамоҳангро баён мекунанд. Маҳс ҳамин  нуқтаи назари муштараки мушкилот водор сохт, ки Шӯроҳои  Амрикоӣ оид ба Маорифи Байналмилалӣ, ин «Дастури банақшагирии байналмилаликунонӣ»-ро бо мақсади тақвият ва диверсификатсияи ҷараёни байналмилаликунонии  мактабҳои олӣ ва инчунин тавсеаи имконоти таҳсил дар хориҷа барои донишҷӯён ва муаллимон таҳия кунанд. Мо алалхусус саъй дорем, ки иштироки байналмилалии кишварҳои камтар анъанавӣ (барои донишҷӯёни амрикоӣ) ва қитъаҳоро дастгирӣ намоем, ки аксари онҳо англисизабон нестанд.


Ташкилоти «Шӯроҳои  Амрикоӣ оид ба Маорифи Байналмилалӣ»  40 сол қабл дар натиҷаи ҳамкории зич байни донишгоҳҳо ва коллеҷҳо таъсис  дода шудааст. Имрӯз ин созмон  на танҳо дар ташаккул, балки дар татбиқи барномаҳои байналмилалии таълимӣ, ки дар заминаи мубодилаи академӣ, курсҳои таълими забон ва инчунин барномаҳои гуногуни таълимӣ фаъолона ширкат меварзад. Ташкилот барномаҳои навро  дар Африқо, Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқӣ, Евразия, Шарқи Наздик, Амрикои Шимолӣ  ва Ҷанубӣ таҳия ва татбиқ мекунад. Ин ҳама, албатта, на танҳо ба васеъ гардидани доираи донишҷӯён, балки ба амиқтар шудани ҳамдигарфаҳмии халқҳо мусоидат мекунад.

Ташкилоти «Шӯроҳои  Амрикоӣ оид ба Маорифи Байналмилалӣ», албатта аз ҳамкорӣ бо донишгоҳҳо ва коллеҷҳои амрикоӣ ва хориҷӣ ифтихор дорад ва ҳамзамон кӯшишҳои онҳоро дар паҳнкунии глобалии дониш дастгирӣ мекунад.

Exit mobile version